- ҷавҳар
- [جوهر][муарраби гавҳар]1. санги қиматбаҳо (алмос, марворид, ёқут ва ғ.)2. фалс. асли ҳар чиз, асли ҳар чизе, ки вуҷуди мустақил дорад; муқоб. араз; асл3. моҳият: ҷавҳари маънӣ, ҷавҳари сухан4. хим. асид, кислота, шира, эссенсия: ҷавҳари лиму, ҷавҳари сирко5. обутоби силоҳи буранда (корд, шамшер ва ғ.)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.